Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Имрӯз, 23 феврал, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шуро, муовинони раис ва муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Вахш, Кӯшониён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Панҷ ва Данғара ширкат варзиданд.
Нахуст, котиби Шуро, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Сафарҷон Салимзода суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомёфта тибқи нақшаи кории Шуро барои соли 2023, дастрасии матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии вилояти Хатлон, чораҳои андешидашуда оид ба тақвият бахшидан ба барномаи махсуси телевизионии «Мурофиа» ва ташкил намудани барномаҳои телевизионии «Ҳуқуқи Шумо» ва «Ҳукм» маълумот дод.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ басо муҳим мебошад.
Сипас, ҳисоботи раиси суди вилояти Хатлон Нуриддин Расулзода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омада, фаҳмондадиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, чораҳои андешидашуда ҷиҳати зиёд намудани шумораи мурофиаҳои сайёри судӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба ҷиноятҳои куштор, латукӯб, ба худкушӣ расонидан ва баҳсҳои рӯзмарра, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ, иқтисодӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратидошта шунида шуд.
Комиссари ҳарбии вилоят Умед Солиҳзода оид ба натиҷагирии иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси вилояти Хатлон дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳии соли 2023 ҳисобот дод.
Ахбори прокурори вилоят Авазҷон Назарзода низ доир ба натиҷагирии таҳлилҳои гузаронидашуда оид ба вазъи ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, шахсони пеш судшуда, махсусан ҷиноятҳои гурӯҳӣ ва андешидани чораҳои аввалиндараҷа барои аз байн бурдани сабабу омилҳои мусоидаткунанда, аз ҷумла таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои кори доимӣ шунида шуд.
Баъдан, сардори Раёсати КДАМ дар вилоят Нусратулло Мирзозода оид ба чораҳои андешидашуда вобаста ба пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону ташкилотҳои экстремистӣ, баргузории чорабиниҳо бо ҷалби зиёиён, адибон, руҳониёни бонуфуз дар ВАО, корҳои фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтаво ва иҷрои талаботҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, таҳия ва пахш намудани филмҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ дар ин самт суханронӣ намуд.
Аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки бо ин мақсад бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзуъҳои мухталифи ҳуқуқӣ вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шаванд.
Сипас, гузоришҳои мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят Аминҷонов Содиқ, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аваззода Шараф Тавар, иҷрокунандаи вазифаи сардори РАНМН назди Президенти ҶТ дар вилоят Арбобзода Шуҳрат, сардори Раёсати маорифи вилоят Сафарзода Ғазалшоҳ, сардори Раёсати андози вилоят Ҷӯрабеки Ҷумъа шунида шуд.
Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шуро вазифа гузошт, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳорӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар ВАО ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳои натиҷабахш андешанд.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.