АРТИШИ МИЛЛӢ - НЕРУИ МУҚТАДИРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТДОРӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 276
Таҳти ин унвон 22-юми феврали соли 2024 ба истиқболи 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳ, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳии чорабинии ҷашнӣ собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин ва кулли ҳамдиёрон, ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан саломативу сарбаландӣ, бахту иқболи баланд ва дар таҳкими амнияту суботи кишвар, ҳифзи арзишҳои милливу истиқлолияти давлатӣ шарафи хидмати шоиста ва фаъолияти пурсамарро таманно намуданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълӣ манофеи бақодории давлат, аз ҷумла ҳимояи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии мамлакат, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи давлат аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ бо ибтикори раёсати Донишгоҳ бахшида ба 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки айни ҳол дар Донишгоҳ фаъолияти илмӣ-педагогӣ доранд, бо мукофотпулӣ ва 20 нафар омӯзгорону кормандони ҷавони Донишгоҳ, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, хизмати Модар-Ватанро мардонавор иҷро намудаву барои фаъолият ба Донишгоҳ баргаштаанд, бо "Сипоснома"-и ректори Донишгоҳ барои фаъолияти назаррасу судманд сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати дигари чорабинии фарҳангӣ-фароғатии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги донишгоҳ бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...