КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 208
23-юми феврали соли 2024 баҳри сазовор истиқбол гирифтани 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13 483-и шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни ироаи сухани ифтитоҳии чорабинии ҷашнӣ ҳамаи сарбозон ва афсарони қисми низомӣ ва кормандону собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд.
Чунки ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.
Дар идомаи чорабинӣ иброз гардид, ки Артиши миллии кишвар дар тули мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад. Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, беҳтар гардида, тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби масъулони Қушунҳои хушкигардӣ Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ба шароити хизматчиёни ҳарбӣ ва саҳми арзанда дар чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон - раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо Ордени “муҳофизони сохти конститутсионӣ” дар Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба як қатор кормандони низомӣ ва афсарону сарбозон барои хизматҳои шоён ва софдилонаву содиқона Сипоснома ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар қисмати дигари чорабинии фарҳангӣ-фароғатии аз ҷониби ҳунармандони шаҳр барномаи консертии дастандаркорон бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар охир бо оростани дастархони идона, аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб таҷлили 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин қисми ҳарбӣ шукӯҳу шаҳомати тоза касб кард.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...