Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: "Ба ҳамаи низомиёни тоҷик дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир мехоҳам"


Давлаталӣ Саид: "Ба ҳамаи низомиёни тоҷик дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир мехоҳам"




Имрӯз, 23 феврал, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои табрики сарбозон ба қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бохтар, рафт. 

Зимни дидор раиси вилоят бо сарбозон қайд дошт, ки Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву молиявӣ, аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Ҳукумати мамлакат барои ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшид.

Дар охир, раиси вилоят ҳамаи хизматчиёни қисми ҳарбӣ ва дар симои онҳо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони Артиши миллиро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ шодбошу таҳният гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ таманно намуд. 

Маврид ба зикр аст, ки дар ин рӯз барои сарбозон ва афсарони ин қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда буд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамроҳ бо сарбозон сари як дастурхон нишаста, якҷо бо онҳо дар атрофи шароити хизмат ва будубош суҳбати озоду самимӣ орост.

Инчунин, барои болидахотирии афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон ташкил карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода