Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хизматчиёни ҳарбӣ - ҷавшани меҳан


Хизматчиёни ҳарбӣ - ҷавшани меҳан


Артиши миллӣ мактаби обутоби ҳаётӣ барои ҳар  як ҷавонмард ба шумор меравад. Қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон аст, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, марзу бум, оромиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон ҳифзу ҳимоя намояд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки сол то сол сафи ҷавонони ихтиёран ва довталабона ба сафи Арти

Агар ба таҳлилҳо назар кунем, бармеояд, ки имрӯз ҷавонони мо бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва фарзандӣ мехоҳанд, рисолати мардонагии хешро ба ҷо оранд. Яке аз чунин ҷавонони бонангу номус Турк Давлатқадамов мебошад.

Турк Давлатқадамов зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, дар оила писари хурдист. Баҳори соли 2022 ба сафи артиш даъват шуда, имрӯз дур аз зодгоҳ, дар яке аз қисмҳои ҳарбии вилояти Хатлон сарбаландона хизмати Модар - ватанро адо карда истодааст.

-Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мо – ҷавонони аз ҳар гӯшаву канори кишварро бо ҳам муттаҳиду дӯст намудааст. Дар хизмати ҳарбӣ ба худ дӯстони зиёдеро пайдо намудам. Онҳо аз Кӯлобу Шаҳритус, Хуҷанду Хоруғ, аз Рашту Тоҷикобод буда, ҳама сари як дастархон нишаста, таом мехӯрем, суҳбат мекунем. Дар мушкиливу шодии ҳамдигар шарикем, - иброз менамояд аснои суҳбат бо мо сержанти калон Турк Давлатқадамов.

Ба гуфтаи Турк, дар қисми ҳарбӣ шароит барои буду боши сарбозон хуб буда, хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷойи хоби нарм, се вақт хӯроки гарм ва тамоми лавозимот таъмин мебошанд. Ҳар соати сарбозон дар қисми ҳарбӣ ба манфиати онҳо сипарӣ мешавад.

-Ҳар як рӯзи сарбозон аз субҳи барвақт оғоз мешавад. Сарбозон баъди аз хоб бедор шудан,  ҳатман машқи бадан мекунанд, субҳона мехӯранд, сипас, вориди синфхонаҳо шуда, дарсҳои тайёрии ҷангӣ ва тактикиро мегузаранд. Баъди дарсҳо, дар соатҳои холигӣ дар ҳуҷраҳои истироҳатӣ нишаста, шашкабозӣ, китобхонӣ, дар толор ва майдончаҳои варзишӣ ба тамрини бадан, футболу волейболбозӣ ва дигар намуди варзиш машғул мешаванд, - мегӯяд Турк.

Имрӯз ӯ ифтихор аз он дорад, ки дар яке аз ҷузъу томҳои бонуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ротаи таъиноти ҷангӣ ва моддии техникӣ хизмат карда истодааст. Афсарон ба монанди майор О. Ибрагимов, лейтенанти калон М. Паҳлавонзода барои мо-сарбозон ҳамеша ғамхору дилсӯз мебошад.

Турк Давлатқадамов ният дорад, ки пас аз адо намудани хизмати ҳарбӣ ба назди падару модар, ҳамсар, дӯстону пайвандон бо сари баланд баргашта, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми худро гузорад.

-Хизмати ҳарбӣ шараф аст. Ҳар як ҷавонмарду ватандӯст вазифадор аст, ки қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан адо намояд, - мегӯяд сержанти калон Турк Давлатқадамов. – Зеро, ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизматчиёни ҳарбӣ сипари боэътимод, ҷавшан, ҳомии марзу буми Ватани худ мебошанд.

Т. Толиб, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода