Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Як рӯз дар қисми низомӣ


Як рӯз дар қисми низомӣ




Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун неруи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо, маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват ва сипари боэътимод гардидааст.

Баъди иҷрои ин амалҳо бо ишораи навбатдори қисми ҳарбӣ сарбозон ба тарафи ошхона барои субҳона роҳ пеш мегиранд...

МАШҒУЛИЯ ТҲОИ АМАЛӢ

Дар қисми ҳарбии номбурда шароити хуби таълим барои баланд бардоштани малакаву маҳорати ҳарбии ҳайати шахсӣ муҳайё карда шудааст. Синфхонаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизоти лозима буда, майдончаҳои сафороию тактикӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ мавҷуд аст, ки сарбозон метавонанд аз ин имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода баранд. Ҳангоми гузаронидани машғулияти амалӣ дар майдончаи тактикӣ, афсарони соҳибмалака ба ҳайати шахсии сарбозону курсантон тарзи истифодаи яроқи миномётро меомӯзонанд.

Воқеан, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар афзун гардонидани донишу малакаи ҳарбии сарбозон заминаи мусоиде хоҳад гузошт. Ба ин васила сарбозони далеру шуҷои Ватан дар муддати муайянгардидаи хизмати ҳарбӣ бо андӯхтани чунин таҷриба мутахассиси хуб гардида, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари азиз омода мешаванд.

Имрӯзҳо сарбозони шуҷоу далери Ватан дар қисмҳои ҳарбӣ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар аз як гиребон сар бароварда, якдилона дар таъмини амнияту осуда нигоҳ доштани ватани азизамон саҳми назаррас мегузоранд.

А. РИОЕВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода