Артиши миллӣ мактаби мардонагии ҷавонон аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 285
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, 31 сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро, ки тайи 31 сол ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.
Боиси хушбахтии мост, ки зери осмони соф ва ваҳдату ягонагӣ ҳамасола ҷашнҳои мубораку санаҳои муҳимми таърихиро дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва ташкилӣ ҷашн мегирем.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву молиявӣ, аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Ҳукумати мамлакат барои ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшид.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ҷасорату шуҷоат, далериву матонати худ ватандӯсти асил буданашонро собит намуда, садҳо нафари онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, ки мо хотираи некашонро ҳамеша пос медорем.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки зарурати ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда, ин роҳро идома дода истодааст.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон низ вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда, мавзеъҳое, ки ҷузъу томҳои низомӣ дар онҳо ҷойгир мебошанд, ба меъёру талаботи шаҳрчаҳои ҳарбӣ мутобиқ карда шуда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки бо назардошти хизматҳои шоистаи кормандони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни Паёми имсолаи худ Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад. Ин ғамхории Пешвои муаззами миллат бори дигар масъулияти ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозонро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули худ дучанд менамояд.
Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад. Пойдорӣ ва устувории низоми Қувваҳои Мусаллаҳ аз тартибу низоми қатъии онҳо вобаста мебошад, ки асоси онро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳанд.
Итминони комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садоқат ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд.
Бо ҳамин нияти хайр, бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони Артиши миллиро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ шодбошу таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...