Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вохӯрӣ бо сарбозон


Вохӯрӣ бо сарбозон



Бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 06837, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон вохӯрии адибон бо хизматчиёни ҳарбӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ Озар Салим, Шоири халқии Тоҷикистон, шоир Саидҷаъфар Баёзӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Хуросон иштирок доштанд.

Адибони Хатлонзамин қайд доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонписарон мактаби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Ҳар як ҷавон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон дорад, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ 
дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзад.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, сарбозони қисми ҳарбӣ хонандагони муассисаҳои миёнаро бо яроқҳои оташфишон ва хислатномаи тактикию техникии онҳо аз наздик шинос намуданд. Хонандагон аз шароити будубоши ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ шинос шуданд.

А. РИОЕВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода