«Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 237
Дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят китоби наве бо номи «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан» ба чоп расид.
Маҷмӯаи мазкур беҳтарин маводҳои озмуни эҷодии «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан», ки аз ҷониби идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади гиромидошти хизматҳои мондагор ва тарғиби сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, инчунин мақолаҳое, ки ба Артиши миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд.
Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” идораи рӯзномаи “Хатлон” якҷоя бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон чанде пеш озмуни муштараки эҷодиро миёни ҷавонони вилоят таҳти унвони «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан»-ро доир намуданд. Беҳтарин маводҳои довталабон ва ғолибони озмун дар шакли маҷмӯа гирд оварда шуд.
Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ин озмуни эҷодӣ далели возеҳи пайравии ҷавонони Хатлон аз Пешвои муаззами миллат буда, муҳаббати беандоза, самимият, садоқат ва ифтихори муаллифонро аз Сарвари маҳбуб дар ҳар навиштаи онҳо эҳсос кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии наврасону ҷавонон барои ба нашр расо-
нидани маҷмӯаи мазкур иқдом гирифта шуд.
“Таърихи давлатдории миллии тоҷикон гувоҳ аст, ки ҷавонон на танҳо такягоҳи давлат, балки неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаи ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳибихтисосу соҳибкасб гардидани онҳо ва мавқеи махсус пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, ташаббусу иқдомҳои неку созандаи ҷавононро пайваста дастгирӣ менамоянд.
Маҳз ҷавонони фозилу хушахлоқ, дорои фарҳанги баланд ва ватандори асил ояндаи неки давлату миллати моро хоҳанд сохт ва чунин ҷавонон бо мавқеи устувори шаҳрвандиашон ба муқобили ҳама гуна таҳоҷуми иттилоотиву ғаразбори бадхоҳони миллат муқовимати қавӣ нишон медиҳанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҷавонони матиниродаи вилояти Хатлон дар сангарҳои вазнин барои ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватани азиз ҷонфидоӣ карда, шарафу номуси халқу Ватанро ҳифз намуданд. Онҳо ному корномаи худро дар дафтари таърихи миллат ҷовидонӣ сабт сохтанд. Корнамоию қаҳрамонӣ ва ҷоннисорию худфидоӣ ва ватандӯстии онҳо ҳамчун мактаби амалии тарбияи насли наврасу ҷавон хизмат хоҳад кард.
Бо ин мақсад фасли дувуми китоби «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан» ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бахшида шуда, корномаи сарбозони сарбаланди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки такягоҳи боэътимоди давлат, неруи пуриқтидор ва кафили устувории фазои амну суботи сарзамин мебошанд, бозтоб медиҳад”, - навиштаанд муҳаррирони маҷмӯа Н. Маъмурзода ва Р. Насриддинзода.
Китоби «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан», ки аз 180 саҳифа иборат буда, бо сифати баланд дар нашриёти шаҳри Душанбе ба табъ расидааст, ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00