Ш. НАЗАРЗОДА: "ДАР ҲАМБАСТАГӢ АЗ КИРДОРҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА ПЕШГИРӢ НАМОЕМ"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 329
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар Хатлон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бартараф намудани зуҳуроти халалдоркунандаи тартибу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ, ҳамзамон пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба равияҳои номатлуби террористиву экстремистӣ, ҷилавгирӣ аз омилҳои вайронкунандаи муҳити зист ва риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ мулоқоти озоди роҳбарияти милитсияи Хатлон бо фаъолону аҳли ҷамоаи шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин намояндагони сохторҳои кор бо занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ ва масъулини мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар мавзӯи “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ дар Бохтар ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа” бо нишон додани факту далелҳои дақиқ аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолиби диққат ироа намуд.
Дар рафти мулоқот генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода оид ба ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар доираи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардидани соли 2024, ки ин тадбир ба баланд бардоштани савияи ҳуқуқии сокинон ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа нигаронида шудааст, суханронӣ намуда, бо нишон додани слайд-тасвирҳо ва зикри факту рақамҳо ба баррасии масъалаҳои доғи ҷомеа пардохт.
Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳои соҳавӣ содиршавии баъзе категорияҳои ҷиноят дар ҳудуди шаҳри Бохтар тамоюли афзоиш дошта, баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод, чорабиниҳои мақсадноки маърифатӣ-ҳуқуқӣ ба коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муоширати сокинон, махсусан наврасону ҷавонон, пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ мусоидат менамояд. Тавре гуфта шуд, танҳо дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта шавад.
Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода дар идомаи маърӯза доир ба масъалаҳои дигари ҳалталаби ҷомеа, аз қабили ба роҳ мондани хизматрасонии босифати ҷамъиятӣ, бартараф намудани савдои кӯчагӣ, рафъи ҳолатҳои дар биноҳои баландошёна овезон намудани либос, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани фаъолияти марказҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо, ҷорӣ намудани либоси ягона дар бозорҳо ва марказҳои савдо, ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёте, ки назди бозорҳо гузошта мешаванд, ҳарф зада, ҷиҳати рафъи ҳолатҳои ташвишовар ҳамдастии ҳама мақомотҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо намуд. Гуфта шуд, ки ҳар як сайёҳ ва меҳмони хориҷие, ки вориди шаҳри Бохтар мегардад, аз хизматрасонии марказҳои савдо ва тиҷорат, хӯроки умум, нақлиёт ва марказҳои дилхушӣ истифода бурда, аз тарзи рафтору муносибат, муошират ва чигунагии маданияти сокинон ва кормандони он ба фарҳангу маданияти як миллати бузург баҳо медиҳанд.
Дар қисмати дигари мулоқот иштирокдорон низ баромад намуда, доир ба рафъи мушкилоту проблемаҳо ва омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда пешниҳодҳо ироа намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00