Восеъ: Содироти 2680 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 185
Дар ноҳияи Восеъ дар давоми соли 2023 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 24 миллион сомонӣ зиёд гардида, 101,3%-ро ташкил медиҳад.
Соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 28 170 гектар замин, аз ин 15 096 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла 8519 га зироатҳои техникӣ, аз он 7483 га пахта, 2078 га сабзавот, 963 га полезӣ, 695 га картошка ва 819 га зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода.
Ҳамзамон қайд намуд, ки аз тарафи кишоварзони ноҳия ба хориҷи кишвар 2680 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки иҷроиши нақшаи солонаро 100 фоиз таъмин намуд.
А. АБДУЛМАҶИД ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...