Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Меъмори Данғара” дубора ба фаъолият шуруъ кард


“Меъмори Данғара” дубора ба фаъолият шуруъ кард




Зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 3668 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбати соли гузашта 93 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 116 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 105% таъмин карда шуд. Саҳми ноҳия нисбати маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 21,6 фоиз баробар шуд. Дар ноҳия шумораи корхонаҳои саноатӣ 46 ададро ташкил медиҳад, ки дар соли 2023-юм 10-тои он фаъолият накарданд. Ҳамзамон бунёди 30 адад корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зикр карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаи аз фаъолият бозмондаи «Меъмори Данғара» барои истеҳсоли хишти сохтмонӣ бо иқтидори зиёда аз 3 миллион дона дар як сол барқарор гардида, ба фаъолият шуруъ намуд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар соли 2023-юм 18 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Шумораи донишҷӯён дар соли 2023-юм 8678 нафар ташкил медиҳад, ки 381 нафар донишҷӯёни хориҷианд. Сатҳи донишазхудкунӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 4,1% зиёд гардид.

А. АБДУЛМАҶИД , «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода