Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра ва вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳмгузор хоҳем буд


Дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра ва вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳмгузор хоҳем буд




Имрӯз, 15 феврал, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, муовинони раиси вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Музаффар Мирзозода зимни ифтитоҳи нишасти матбуотӣ ба аҳли эҷод барои ҳамкории хубу пурсамар бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2023 миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки фаъолон ва сокинони заҳматқарину сарбаланди Хатлонзамин бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти диёри биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, соли сипаришуда дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.




- Соли сипаригардида, дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 36 млрд. 64,7 млн. сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 8,3 фоиз мебошад, - гуфт муовини якуми раиси вилоят. - Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2 млрд. 966,9 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 2 млрд. 618,3 млн. сомонӣ ё ин, ки 88,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст. 

Маълумот дода шуд, ки шумораи нафақагирон дар вилоят 284134 нафар буда, талаботи нафақапулӣ, ки 1 млрд. 178,2 млн. сомониро ташкил мекунад, пурра пардохт карда шудааст. Ҳисоби миёнаи маблағи нафақа 365,08 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2022-юм 47,42 сомонӣ зиёд гардидааст.

Соли 2023 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 3 млрд. 965,5 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 955,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 503,5 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 101,1 фоиз ё ин ки 5,3 млн. доллар зиёд мебошад. Содироти мол ба 232,9 млн. доллар расида, воридоти мол ба вилоят 270,6 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ зикр гардид, ки соли гузашта дар вилоят 71512 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба дурнамои солона 115,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 млрд. 662,1 млн. сомонӣ расида, нисбат ба соли 2022-юм 1 млрд. 53,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва сохтмони 6260 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар 2405 адад бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 38,4 фоиз ва нақшаи соли 2023, ки 1367 иншоот мебошад, иҷроиши он 1481 адад ё ин, ки 108,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 варзишгарони вилоят дар 184 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 1167 медали тилло, 1107 медали нуқра, 1309 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 3583 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 333 медал зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки теъдоди бонувон дар вилоят 1 миллиону 780 ҳазору 54 нафар буда, 49,2 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 39 ҳазору 854 нафар занон зиёд мебошад.

Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии  халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 27865 нафар, (773 нафар зиёд), тандурустӣ 25602 нафар (1983 нафар зиёд), фарҳанг 1698 нафар, (116 нафар зиёд), сохтмон ва меъморӣ 495 нафар, (30 нафар зиёд), саноат 3407 нафар, (884 нафар зиёд), почта ва алоқа 201 нафар, 2 нафар кам, коммуналӣ 777 нафар, (31 нафар зиёд), бонкҳо 1176 нафар, 283 нафар зиёд (38 нафар роҳбар), кишоварзӣ 162 ҳазору 034 нафар, (27 ҳазору 660 нафар зиёд), роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 ҳазору 359 нафар мебошад.

Аз шумораи 188 ҳазору 603 нафар занҳои коргар, 13 ҳазору 887 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 нафар зиёд мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар (9,5%), Маҷлиси вакилони халқи вилоят 24 нафар (34,7%), Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 343 нафар (36,4%) ва Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1037 нафар занон мебошанд.

Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз ҳамагӣ 23 ҳазору 540 нафар буда, аз инҳо 2 ҳазору 654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1 ҳазору 160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7 ҳазору 445 нафар бо патент ва 835 нафар ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин доир ба грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор, рушди инфрасохтор, зарурати поккории заҳбуру заҳкашҳо, ба танзим даровардани сохтмонҳо, сабабҳои аз фаъолият бозмондани баъзе корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо дода шуда, посухҳои қаноатбахш гирифта шуд. 

- Дар ҳақиқат, мо эҳсос мекунем, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили низоъҳои иттилоотии ҳаракату гурўҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд,  таъкид шуд аз ҷониби роҳбарияти вилоят.

- Боварӣ дорем, ки чунин ҳамкории пурмаҳсул дар соли 2024 низ идома ёфта, якҷоя дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра, бартарафсозии камбудию норасоиҳо, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ташаккули афкори созандаи омма саҳмгузор хоҳем буд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори итминон шуд, ки фаъолони вилоят барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар оянда низ ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил мегарданд.

Н. Маъмурзода ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода