Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кӯлоб: Вохӯрӣ бо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон


Кӯлоб: Вохӯрӣ бо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон




Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 19 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шурои амният ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар Хатлон, мубориза зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷинояткории муташаккилона, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли манфии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти миллӣ, решакан намудани ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вазифагузорӣ намуда буданд, инчунин дар доираи иҷроиши босифати дастурҳои роҳбарияти олии кишвар ва бо назардошти аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» силсилавохвохӯриҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят оғоз ва мулоқоти нахустини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо фаъолону сокинон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ фаъолон, раисони ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, директорони муаасисаҳои таълимӣ, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ, пирони рӯзгордида, масъулини мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъули шаҳри Кӯлоб ва минтақа, намояндагони сохторҳои кор бо ҷавонону занон ва дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Тавре гуфта шуд, ҳадафи асосии вохӯрӣ ин таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа буда, ба масъалаҳои баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба шомилшавии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба ифротгароӣ мусоидаткунанда нигаронида шудааст. 



Дар оғози вохӯрӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо маърӯзаи таҳлилӣ суханронӣ намуда, нахуст аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии як қатор лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар соҳаҳои инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон такони ҷиддӣ хоҳад дод. 

Сипас Шариф Назарзода доир ба тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати коҳиш додани вазъи нигаронкунандаи ҷинояткорӣ миёни сокинон, пешгирӣ аз шиддати шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардонидани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи аъзоёну пайравон ва тарафдорони ташкилотҳои ифротӣ (тибқи талаботи қонунгузорӣ агар бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд ва дар кирдорашон дигар ҷиноят набошад аз ҷавобгарӣ озод мешаванд) ки вазъи содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар афзоиш аст, бо овардани факту далелҳои оморӣ ҳарф зад. 

Дар рафти мулоқот доир ба ҳадафҳои дигари вохӯрӣ, аз ҷумла  ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни милитсия ба ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу твърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал, нигоҳдошти солимии ҷомеа ибрози назар карда шуд.  

Дар қисмати дигари мулоқот иштирокдорон низ баромад намуда, қайд доштанд, ки ҷиҳати аз байн бурдани падидаҳои номатлуб ва халалдоркунандаи суботу оромӣ дастаҷамъона талош меварзанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода