Озмуни “Суруди сарбоз” ҷамбаст гардид. Кӣ ғолиб шуд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 250
Озмуни фарҳангӣ фароғатӣ “Суруди сарбоз” дар байни ҷузъу томи қисмҳои ҳарбии зертобеи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби хизмати ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани эҳсоси меҳанпарастии хизматчиёни ҳарбиро шурӯъ аз аввали моҳи ферал дар ҳамаи гарнизонҳои ҷумҳурӣ идома доард. Дар гарнизони Хатлон имрӯз маросими ҷамбасти озмун дар клуби фарҳангии қисми ҳарбии 87740 баргузор гардид.
Тибқи иттилоъи масъулин дар ин озмун, ки бахшида ба 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз миёни сарбозони Вазорати мудофиа аз рӯйи “Беҳтарин рӯзномаҳо ва суратрӯзномаҳои деворӣ”, “Беҳтарин дастаҳои ҳаваскор” ва “Беҳтарин сурудҳои ҳарбӣ” баргузор гардида, дар гарнизони Хатлон қисми ҳарбии 87740 ғолиб дониста шуд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои баргузории чунин чорабинии фарҳангиву фароғатӣ дар байни ҷузъу том ин тарғиби хизмати ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани эҳсоси меҳанпарастии хизматчиёни ҳарбиро дар бар гирифта, баҳри кашфи истеъдодҳои соҳаи фарҳанг заминаи хубе мегузорад.
Ин аст, ки дастаҳои ҳаваскори қисму воҳидҳои низомӣ маҳорату малакаи хуби санъаткорӣ, рақсу сурудхонӣ, маҳорати нотиқӣ, рӯзномаҳои деворӣ ва қироати шеъру суруд дар васфи Ватан ва хизмати ҳарбӣ буда, ҳамзамон довталабон аз навозиши асбобҳои мусиқӣ низ ба хубӣ баромаданд. Мазмуну мундариҷаи хори умумӣ, хониши бадеӣ ва суруди яккаи иштирокчиёни озмун дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба ин марзу бум ва аз Савганди ҳарбӣ ба озмун ранги дигар бахшида, ҳисси миллии ҳар як шунавандаро ба худ ҷалб мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси фармоиши вазири мудофиа ва тибқи талаботи низомнома озмунҳои “Беҳтарин рӯзномаҳо ва суратрӯзномаҳои деворӣ”, “Беҳтарин дастаҳои ҳаваскор” ва “Беҳтарин сурудҳои ҳарбӣ” дар дигар гарнизонҳои ҷумҳурӣ ҳамасола ташкилу ба роҳ монда мешавад.
Набиҷони Саидаброр, «Хатлон»
Акс аз сомонаи вазорати мудофиа
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00