Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Темурмалик: Сокинон ба обод кардани маҳалли худ камар бастаанд


Темурмалик: Сокинон ба обод кардани маҳалли худ камар бастаанд




Бошандагони деҳоти Давади Ҷамоати деҳоти ба номи  С. Раҳимови ноҳияи Темурмалик рӯзҳои офтобиро самаранок истифода бурда, баҳри обод кардани ҷӯйборҳои селгузар ба ҳашари умумӣ баромаданд. 

Сокинон ният доранд, ки бо дастгирии шахсони саховатпешаи деҳа бо маблағи 90 ҳазор сомонӣ 500 метри мураббаъ ҷӯйбор ва маконҳои селгузарро пурра бетонрезӣ кунанд. То имрӯз, тибқи иттилои бадастомада, дар 400 метри он корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар деҳаи Қазоқи ҷамоат ҳамин гуна корҳои ободонӣ идома дошта, тибқи нақша, 1500 метри мураббаъ каналҳои селгузар бозсозӣ карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода