Дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 235
23 феврал дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон, шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Ҷайҳун, Ёвон, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Дӯстӣ ва Шаҳритус гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, Донишкадаи исломӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Хатлон иштирок менамоянд.
Иштирокдорони ҷаласа, аз ҷумла доир ба масъалаи сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон табодули назар менамоянд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00