Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » "ВАХШ"-И БОХТАР ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТИИ ҶОМИ ФФТ-2024 ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШУД


"ВАХШ"-И БОХТАР ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТИИ ҶОМИ ФФТ-2024 ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШУД




Имрӯз, 9 феврал, дар варзишгоҳи марказии "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар дар доираи даври ниҳоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ғолиби минтақаи Кӯлоб - “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ рақобат намуд. 

Қисмати аввали бозӣ бе задани гол ба анҷом расид. Дар дақиқаи 83-юми рақобат ҳамлагари аз ҳайати захиравӣ ба майдон омадаи  дастаи “Вахш”, Хайриддин Турахонов ҳисоби бозиро кушод.  Бо ҳамин ҳисоб бозингарони дастаи “Вахш” зафар ёфтанд ва барандаи даври ниҳоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гардиданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода