Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. 1894 ГЕКТАР ЗАМИН БА ШИРКАТИ «БТК-ГРУПП»-И ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МУҲЛАТИ 20 СОЛ ДОДА ШУД


КӮЛОБ. 1894 ГЕКТАР ЗАМИН БА ШИРКАТИ «БТК-ГРУПП»-И ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МУҲЛАТИ 20 СОЛ ДОДА ШУД



Зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки 1894 га ба ширкати «БТК-Групп»-и Федератсияи Россия ба муҳлати 20 сол дода шуданд. Самти истеҳсоли тухмипарварии заминҳо тағйир наёфтааст. Ширкати мазкур бо номи ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» дар сохторҳои марбута (омор, андоз ва ғайра) ба қайд гирифта шуд. Ширкат аллакай 20 адад техникаи худро ба шаҳр ворид намуд ва мақсад дорад дар рӯзҳои наздик ба фаъолият шурӯъ намояд. Ширкати мазкур тибқи созишнома дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб маҷмааи корхонаҳои бофандагию ресандагиро бунёд хоҳад кард, ки дар ин корхонаҳо аз 4 то 6 ҳазор сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин карда хоҳанд шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода