Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тоҷикстандарт 3040 бозичаи кӯдаконаро маҳв кард


Тоҷикстандарт 3040 бозичаи кӯдаконаро маҳв кард



Дар вилояти Хатлон 449 соҳибкор барои ба муомилот баровардани маҳсулоти ғайристандартӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Маркази вилоятии “Тоҷикстандарт” Ҳ. Шарифзода гуфт.

Аз ҷониби озмоишгоҳи санҷишии нуриҳои минералии «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон 203 ташхис гузаронида шудааст, ки миёни онҳо нуриҳои минералӣ ва доруҳои карбамид, селитри аммиакдор, аммафос, ишқори натрий, гипохлориди натрий, гипохлориди калсий, оҳаки сохтмонӣ, сулфати аммоний, маҳсулоти коғаз барои таъиноти санитарию гигиенӣ, зарфҳои пластикӣ ва фосфориро ташкил медиҳад. Пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳои мутобиқати стандартӣ, маҳсулот ба фурӯш бароварда шуданд.

-Дар натиҷаи гузаронидани корҳои дахлдор дар  вилоят кормандони мо 2944 ҳолати маҳсулотро мавриди ташхис қарор доданд, ки дар 593 ҳолат ба миқдори 172,302кг маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор ва безарар карда шуда, миёни онҳо 42 ҳолат равғани растанӣ, 13030 адад қандакҳои хитоӣ, 3040 бозичаҳои кӯдакона низ буданд,- иттилоъ дод Ҳ. Шарифзода.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода