Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 521 ҳолати таъсири манфӣ ба табиат ошкор шуд


521 ҳолати таъсири манфӣ ба табиат ошкор шуд




Соли 2023 дар вилоят 521 ҳолат барои расонидани таъсири манфӣ ба табиат ба корхонаву ташкилот ва дигар муассисаҳо ба маблағи 891, 1 ҳазор сомонӣ муқаррар карда, аз ин ҳисоб 847,9 ҳазор сомонӣ ситонида шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Раҳмоналии Маҳмадалӣ.

Бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 759 аксияи “Тозагии маҳал” ва 605 аксияи “Тозагии шоҳроҳ” бо ҷалби 162559 нафар сокинон гузаронида шудааст, ки 2890 м² партобҳои баровардашуда дар партовгоҳҳои доимии ҷойгиркунанда безарар гардонидаанд.

Дар соли 2023-юм 681 аксияи ”Тозагии соҳил” гузаронида шуд, ки дар натиҷаи онҳо 642 км соҳили каналу ҷӯйбор, заҳбуру заҳкашҳо ба миқдори 1091,1 м³ поккорӣ шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода