Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рекламаҳои ғайриқонунӣ барканор карда шуданд


Рекламаҳои ғайриқонунӣ барканор карда шуданд



Моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мониторинг оид ба маҳсулоти ниёзи аввалия гузаронида шуд.

- Мониторинги гузаронидашуда оид ба маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили орд, шакар, равғани растанӣ, гӯшт, маккарон, картошка, сабзӣ, пиёз, мевагӣ, ғалладонагиҳоро ташкил медод. Натиҷа нишон дод, ки ғизои зарурӣ ба қадри кофӣ захира ва ба фурӯш гузошта шуда, норасоии молу маҳсулот дида намешавад, -гуфт сардори раёсати мазкур Фирдавси Маҳмадсаид.

Дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи реклама” назорати ҷойгиркунӣ ва паҳни рекламаҳои берунӣ дар миқёси шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб гузаронида шуда, муайян гардид, ки рекламаҳои берунӣ дар ҳудуди ин шаҳрҳо аз ҷониби муассисаву ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор бе иҷозат, бе шартномаи тарафайн ва бе мувофиқаи мақомоти дахлдор насб ва паҳн карда шуда,  ба буҷети давлат маблағи муқарраршудаи пардохти ҳатмӣ ба андозаи зиёда аз 543 ҳазор сомонӣ ворид нашудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода