Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов ҳамоиши вилоятӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстӣ-омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини бахшҳои идеологии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷомеашиносон, ходимони дин, бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, донишҷӯён ва фаъолон иштирок намуданд.
Ҳамоиш дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати "Соли маърифати ҳуқуқӣ" гузаронида шуд.
Гуфта шуд, ки афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли оянда аз 30% то 40% ба ланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифаи ҳуқуқӣ» ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», - гуфтаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, назорати гаштугузори кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқоти сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар айёми иду маросимҳо, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон, воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ суханронӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ чунин ҳамоиш бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Т. ТОЛИБЗОДА,
А. РИОЕВ,
А. Абдулмаҷид,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.