Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таваҷҷуҳ: озмуни «Маърифати ҳуқуқӣ»!


Таваҷҷуҳ: озмуни «Маърифати ҳуқуқӣ»!




Идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва Суди вилояти Хатлон ба ифтихори «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 барои навиштани беҳтарин мақола озмуни муштараки эҷодиро таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамоянд.

Озмуни «Маърифати ҳуқуқӣ» дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) ва ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024», аз 30 декабри соли 2023, №668 ва ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Дар Озмун шаҳрвандони касбу кори гуногун ва ҳамаи алоқамандони эҷод иштирок карда метавонанд. 

Ба баррасии масъалаҳо оид ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ афзалият дода мешавад.

Мақолаҳо дар шакли чопӣ дар ҳаҷми на беш аз 3 саҳифа, ҳуруфи андозааш 14-и Times New Roman ё Arial қабул карда мешаванд.

Муҳлати пешниҳоди мавод барои иштирок дар озмун аз рӯзи оғози эълон то 1 ноябри соли 2024 муқаррар карда мешавад. Озмун дар арафаи Рӯзи Конститутсия ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун ба таври зайл қадрдонӣ карда мешаванд:
Ҷойи якум – 3000 сомонӣ;
Ду ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ (ба ҳар яке);
Се ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ (ба ҳар яке).

Инчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаи Суди вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Маводи худро бо ишораи “Ба озмуни “Маърифати ҳуқуқӣ”” метавонед тариқи почтаи электронии khatlon. tj@mail.ru ё ватсап ва телеграм (+992 985-33-33-97) ба идораи рӯзномаи “Хатлон” ирсол намоед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода