С. Салимзода: "Аз амалиётҳои нотариалӣ 15 803 915 сомонӣ фоида баст омад"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 287
- Ҳамаи амалиётҳои гузаронидаи нотариалии Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар соли 2023-юм 146 656 ададро ташкил медиҳад, ки ин шумора ба ҳамин давраи соли 2022-юм 6699 адад ё худ 4,7% зиёд мебошад, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ С. Салимзода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон.
Дар давоми соли 2023 Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба буҷаи давлат 5 285 934 сомониро ворид намудаанд, ки нисбати ҳамин дараи соли 2022 беш аз 762 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки Раёсати адлияи вилояти Хатлон ният доранд, ки дар доираи соли «Маърифати ҳуқуқӣ» миёни аҳоли суҳбату вохӯрӣ гузаронида, дар баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқдонии мардуми вилояти Хатлон саҳм гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки дар назди Раёсати адлия шуъбае фаъолият дорад, ки ҳамарӯза ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуӣ ба таври ройгон медиҳад. Аз ин лиҳоз, шаҳвандоне, ки аз масъалаҳои ҳуқуқӣ мушкили мекашанд, метавонанд аз ҳуқуқшиносони адлияи вилояти Хатлон истифода баранд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...