Дар вилояти Хатлон никоҳ зиёду талоқ кам шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 295
- Дар соли сипаригардида дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 502 ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1 ҳазору 105 ҳолат кам мебошад, - гуфт зимни нишасти хабарӣ, Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон.
Мавсуф зикр кард, ки мутаассифона, дар соли 2022 бекоршавии ақди никоҳ 3 ҳазору 607 ҳолатро ташкил ташкил мекард, ки ин ҳолат хело нигаронкунанда буд. Мо ба хотири паст кардани ҳолатҳои талоқ дар соли 2023 сӯҳбати вохӯриҳоро миёни аҳолии бо истифода аз ниҳодҳои зертобеъи худ дар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда, ба онҳо вобаста ба оқибатҳои талоқ суханрони намудем. Ин вохӯриҳо натиҷа доду соли 2023 шумораи талоқ коҳиш ёфт, илова кард ӯ.
Соли 2023-юм 27 ҳазору 264 ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1 ҳазору 868 ҳолат зиёд аст. Бекоршавии ақди никоҳ бошад дар соли 2023-юм 2 ҳазору 502 ҳолат аст», -гуфт номбурда.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...