Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шоҳкитоби “Тоҷикон”


Шоҳкитоби “Тоҷикон”




Аз китоби “Тоҷикон” дарси ҳаёт омӯхтам,
Аз ҳуруфаш қиссаи кушку работ омӯхтам.
Заҳри таърихаш чашидам, зинда мондам то кунун,
Лаззати ҳар вожаи сулҳу субот омӯхтам.
Ҳар ҳиҷо, ҳар як каломаш дар ҷаҳон дорад мақом,
Бо ҳадаф дар роҳи илми дунявӣ бинҳода гом.
Бо суханҳои дақиқи бехусумат дар китоб,
Баҳри халқу давлату қавме надорад ҳарфи хом.
Эй китоби “Тоҷикон”, эй раҳнамои халқи ман,
Ифтихору шуҳрати ҳар фарди ин хоки куҳан.
Он ки авроқат кушояд, мешавад огаҳ зи худ,
Мерасад бар қадри хору ҳусни гулзори Ватан.
Ҳар сафолу кӯзаву ҳар бораи дижи қадим,
Мекушояд назди илмат уқдаи рози азим.
Ҳар мазорат гашта пур аз устухонҳо, эй дареғ,
Қисса мегӯяд зи ҷабри оламу дарди алим.
Ҳар куҷо бегонагон ганҷи туро бурда фузун,
Кам нашуд хокат, рақибат он замон шуд сарнагун.
Бо забону бо китобу илми оламгири худ,
Чеҳраи ғамдидаи аҳли Ватан шуд лолагун.
Панди таърихи куҳан дар қалбҳо маскан гирифт,
Худшиносӣ ҷой андар синаи меҳан гирифт.
Илми Бобоҷон Ғафури қаҳрамони халқи мо,
Реша дар хоки дилу дар ҷисму ҷону тан гирифт.
Пешвои оқилу донандаи илми ҷаҳон,
Огаҳ аз асрори таърихи ҳама давру замон.
Ҳадя кард ӯ шаҳкитоби “Тоҷикон”-ро баҳри мо,
Бохабар то ки шавем аз миллати озодагон.

Амиршоҳи Хатлонӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода