Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба шарҳу тавзеҳи Паём
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 269
Дар толори Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси дастур ва Нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон, дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вохӯрии гурӯҳи корӣ бо масъулини соҳаҳо ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаҳо ва дигар фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Нахуст, Сулаймонзода Акрам доир ба мақсади баргузории вохӯрӣ мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вилоят аз ҳисоби фаъолони ҷомеа гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Акрам Сулаймонзода қайд намуд: “Ҳамасола ироа гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, агар аз як тараф тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад”.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, меҳмононро ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфта, барои роҳандозӣ намудани чунин як ҳамоиши судманд ва саривақтӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар вохӯрии мазкур сухан рафта, муовини раиси вилояти Хатлон доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбати шомилшавии ҷавонон ба ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва дигар масъулин дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро расонид.
Алишери Абд улмаҷид , «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00