Ифшои сирри давлатӣ - зарари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 352
Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор карда шуд.
Дар семинари мазкур намояндагони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории семинар-машварати мазкур қабл аз ҳама якҷо бо масъулини воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додани меъёрҳои қонунгузории соҳа, муҳокима намудани мушкилоти дар ин соҳа мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли он арзёбӣ гардид.
Дар рафти чорабинӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди доираи васеи салоҳият ва ҳуқуқу озодиҳои барои воситаҳои ахбори омма, инчунин масъулияти мушаххасро барои мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ будани маводи чопшуда, махсусан пешгирии ифшои иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар онҳо пешбинӣ намудааст, ки албатта, аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт сарчашма мегирад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ мутахассисони соҳа доир ба нозукиҳои пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, тартиби дурусти ташхиси маводи омодашуда қабл аз чопи онҳо, инчунин тадбирҳои ҷавобгарии қонунӣ зимни ифшои сирри давлатӣ дар маводи чопӣ андешаронӣ намуданд.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...