Вохӯрӣ бо фаъолони вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 289
Имрӯз, 16 январ, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамалакат бо фаъолони вилояти Хатлон ва сокинони шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сиёсатшинос Абдулло Раҳнома низ иштирок доштанд.
Нахсут, Акрам Сулаймонзода доир ба мақсади баргузории вохӯрии мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вилоят аз ҳисоби фаъолони ҷомеа гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, имрӯз ба фаъолият шуруъ менамоянд.
- Моро лозим аст, ки ба сокинони вилоят муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда, якҷоҳа саъю талош варзем, - гуфт А.Сулаймонзода.
Дар идома, дигар баромадкунандагон доир ба нишондоҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 иброз назар намуда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 –ро яке аз таъбирҳои беҳтар ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон унвон намуданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00