Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рушди сармояи инсонӣ


Рушди сармояи инсонӣ




Охири ҳар сол сокинони шарафманди Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизор мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон 28 декабри соли 2023 чунин қайд намуданд: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, рушди иқтисодиёти миллӣ ва рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Он аз омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин самаранокии муассисаҳои таълимӣ вобаста аст. 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба касбомӯзӣ ва илмазхудкунии сокинони мамлакат, махсусан насли наврас ва ҷавон таваҷҷуҳ намуда, дастгирии таҳқиқотҳои илмиро тавассути боло бурдани меъёрҳои маблағгузорӣ ба онҳо, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ ва марказу коргоҳҳои истеҳсолиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Соҳаи маориф дар Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтани муасиссаҳои таълимиро муҳим ҳисобида, қайд намуданд: “Авзои зудтағйир ёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маори фи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони давлатӣ, махсусан моомӯзгорон ғамхориҳои беназир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ дастур доданд, ки бо мақсади идома додани ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иқтимоии аҳолӣ аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулӣ дар ҳаҷми 30% ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандрурстӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40% зиёд карда шаванд.

Ин дастгириву ғамхориҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия, босавод кардан, илмомӯзӣ, ҳунаразхудкунии насли наврас камар баста, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намоем.

Саидшариф БАРФАКОВ ,
омӯзгор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода