Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СОҲИБКОРОНИ МАҲАЛӢ РОҲҲОИ ДЕҲОТИ ХУДРО АСВАТПӮШ МЕКУНАНД


СОҲИБКОРОНИ МАҲАЛӢ РОҲҲОИ ДЕҲОТИ ХУДРО АСВАТПӮШ МЕКУНАНД



Дар ноҳияи Қубодиён бо дастгирии соҳибкорону шахсони хайрхоҳ ва маблағҳои буҷави роҳҳои маҳалӣ ободу зебо мегардад. Як амали хайрхоҳонаро сокини деҳоти Ситораи ноҳияи, ки дар ҳамин деҳа ба дунё омадааст пеша кардааст. Вай ният дорад, ки роҳҳои маҳали худро асватпушу ҳамвор созад.

Сокинони бо нангу ори деҳоти Ситораи ноҳияи Қубодиён ҳама аз як гиребон сарбароварда, ба хотири ободу зебо гардонидани маҳали зисти хеш зери шиори «Мо ҳама якҷо маҳали худро обод меозем» ҷамъ шудаанд. Онҳо иқдоми наҷиби сокини деҳа бродарон Сафаровҳоро дастгири намуда,бари якдигар истиода, имрӯзҳо ба мунфаршу асватпӯш кардани роҳҳои маҳалаи худ машғуланд. Бошандагони ин маҳал бо шукргузори аз аз фазои ҷойдошта, Истиқлолу ваҳдати миллӣ мекушанд дар ободии Ватани хел аз маҳал оғоз кунанд. Соҳибкори деҳа Қадриддин Сафаров, ки имрӯз ният дорад, ки роҳҳое, ки дар овони кӯдакияш ноҳамвор буданд обод созад.

- Вақте мо хур будем ҳангоми ба мактаб ва ё ба маркази ноҳия рафтан аз ин роҳ мегузаштем. Дар фасли сармою вақтҳои боришот аз ин ҷо гузаштан мушкил буд. Сару либоси мактабиамон пур аз лой мешуд. То имрӯз ин роҳ чунин ноҳамвору вайрон. Вақте дидам, ки фарзандони ман ба мактаб рафта сару либосашон ифлос мешавад. Дастам, ки расид роҳи байни деҳаамонро мехоҳам бо қувваи мардуми деҳа обод созам. Ин роҳ то андозае ноҳамвор буд, ки ҳатто мошинҳои калон гузаштанашон мушкил мешуд. Мо ҳама якҷо кӯшиш дорем, ки ҳар чи зуддтар бо истифодаи боду ҳавои мусоид корҳои тахту ҳамворкуниро ба анҷом расонем, то рафтуои сокинон ва мошинҳо осонтар гардад, - гуфт зимни суҳбат бо мо соҳибкор Қадриддин Сафаров.

Чуноне ки бошандагони деҳоти Сситора мегӯянд оилаи Сафаровҳо дар деҳа иззату эҳтиоми хосса дорад. Зеро онҳо то ҷойё, ки дасташон мерасад ба мардуми деҳа кӯмакҳои хайриявӣ мекунанд. Онҳо пайваста дар ҳама иду ҷашнвораҳо ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, то андозае ҳоҷоти онҳоро бароварда месозанд. Хурду калони деҳа онҳоро дида бо эҳтирому иззат суҳбат мекунанд. Ба гуфтаи худи Қадриддин вай ҳамроҳ бо бародарон пайваста суханронию паёмҳои Сарвари олии мамлакатро тамошо карда онро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ кардаанд. Онҳо ба он назаранд, ки бо тавсияҳои Президенти мамлакат кор кардан баракати корро зиёда мегардонад. Ҳамин аст, ки пайрави Пешвои миллат буданро дар зиндагӣ ба худ шиор кардаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода