Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паёми Пешво - роҳнамои имрӯзу фардо


Паёми Пешво - роҳнамои имрӯзу фардо



Имсол маротибаи бистум аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид. Дарвоқеъ, паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат мақоми барнома-стратегияи рушду тавсеаи миллиро дошта, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда фаро мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, дар доираи ин санади муҳимми сол воқеияти давлатӣ, сиёсӣ, таърихӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакат таҳлилу баррасӣ ва дурнамои рушди он муайян гардида, байни доираҳои илмию фаннӣ, қишрҳои иҷтимоӣ, сиёсию маданӣ ва зиёӣ ҳамовозиро ба вуҷуд меоварад.

Таҳлили илмии ин Паём ва паёмҳои қаблии Пешвои муаззами миллат собит менамояд, ки ҳар як Паёми Сарвари давлат як асари боарзиши илмии баитмомрасидаест, ки дар он ҳам гузориши масъала, ҳам таҳлил, қиёс, масъалагузорӣ, пешниҳоди роҳи ҳалли масъала, натиҷабардорӣ, хулоса ва ояндабинии илмӣ мавҷуд аст ва дар он ба пуррагӣ талаботи методологӣ доир ба асари илмӣ риоя мегардад.

Тавре ки медонем, Сарвари давлат дар тамоми суханронию мулоқот, аз ҷумла паёмҳояшон ба гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус менамоянд, ки аз эҳтироми самимӣ доштани Сарвар ба таъриху фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат фарҳангро дар мақоми “ҳастии миллат” шинохтаву муаррифӣ карда, ҷиҳати рушду ин соҳаи маънавиятсоз тадбирҳои судманд меандешанд. Ба ин маъно, Президенти мамлакат дар доираи Паёми имсола масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро матраҳ карда, аз ҷумла таъкид карданд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию  фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. 

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи ёдгориҳои таърихию маданӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Сарвари давлат афзуданд, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Дар воқеъ, он чи ки дар қолиби Паём — як барнома-стратегияи давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор бардорем ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарраи хеш то ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасем.

Фарҳод Раҳимӣ,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода