Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Коррупсия – зуҳуроти номатлуб


Коррупсия – зуҳуроти номатлуб




«Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».
Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон


Коррупсия – ин зуҳуротест, ки на танҳо хосияти ҳуқуқӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро доро мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди зуҳуроти мазкур танҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Коррупсияро наметавон танҳо як ҳодисаи ҷиноӣ унвон кард, зеро падидаи мазкур доираи васеи муносибатҳоро дар худ фаро мегирад. 

Мавҷудияти коррупсия дар Тоҷикистон ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро мушкил месозад ва монеи тараққиёт шуда, амнияти иҷтимоӣ ва иқтисодиро зери шубҳа мебарад. Дар тадқиқоте, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 гузаронида буд, коррупсия ба мисли камбизоатӣ масъалаи муҳим ва ҳалталаби рушди Тоҷикистон арзёбӣ гардидааст. Коррупсияи сатҳи баланд эҷодсозандаи камбизоатӣ ва ҳолати бади иҷтимоӣ дар кишвар аст.

Қобили қайд аст, ки тибқи таҳлилҳои муҳаққиқони кишвар дар ҷомеаи имрӯза дар сатҳи муносибатҳои коррупсионӣ кам даст задани бонувон эътироф шудааст.

Яъне, ҳузури занон дар мансабҳои марбут ба сиёсат аст, ки ба коҳиши фасод дар кишвар таъсир мерасонад, аз шумораи заноне, ки дар корҳои идоравӣ ба фасод рабт надоранд, муайян карда шудааст.

Ҳарчанд бо мақсади муборизаи оштинопазир бурдани мардум, кормандони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ ва дигар мақомоти назоратӣ ба муқобили коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ якчанд қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон, аз ҷумла аз 7 августи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияву Барномаҳои давлатӣ дар мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пайи амал қарор дошта бошанд ҳам, вале ҳанӯз амалҳои коррупсионӣ дар шаклу намудҳои нав зуҳур карда истодааст. Яъне аз хабару маълумотҳои оморию аз наворҳои оперативии мақомотҳои дахлдори давлатӣ дида мешавад, ки бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан, сӯистифода аз мансаб, тамаъҷӯӣ ва дигар шаклҳои амалҳои коррупсионӣ, мутаассифона, ҳанӯз ҳам идома дорад.

Пеши роҳи нафси саркашро гирифтан шарти муҳими мардӣ мебошад. Панди устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бояд сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳем, ки чунин гуфта буд: «Гар ба сари нафси худ амирӣ, мардӣ».

Модоме, ки бузургони миллати мо амалҳои корр упс иониро сахт маҳкум кардаанд, чаро имрӯз ворисони онҳо боз ба амалҳои фалокатбори корр упс ионӣ даст мезананд?

Аз ин сабаб мо аз хурдӣ насли ояндасози миллатро бояд дар руҳияи эҳтиром ва гиромидошти забон, таърих, фарҳанги миллӣ, ватандорию ватандӯстӣ, дур будан аз ҳама гуна амалҳои зишт ба камол расонем. Тарбияро дар оила, кӯдакистонҳо, мактабу коллеҷу донишгоҳҳо дуруст ба роҳ монем, насли худогоҳу хештаншинос, дӯстдори обу хоки сарзаминро ба камол расонем, то фардо онҳо парчамбардори давлату миллати худ гарданд.

Амонулло АШУРЗОДА ,
ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода