Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мақоми занон дар Паём


Мақоми занон дар Паём




“Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардаем”.
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷамъбасти фаъолияти солонаи Ҳукумати мамлакат ва вазифагузориҳо барои соли оянда мебошад. 

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишварро таҳлилу хулосабарорӣ мекунад. Паёми навбатӣ низ аз дигар Паёмҳо бо таҳлилу баррасиҳо ва баҳодиҳиҳо ба куллӣ фарқ мекард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, саҳми онҳоро дар рушду пешрафти кишвар намоён арзёбӣ намуданд.

Имрӯз занону духтарони тоҷик дар паҳлуи мардон, дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти пурсамар доранд.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ ба таҳсили духтарон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равона намуда, имрӯзҳо аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил доранд, беш аз 11 ҳазори онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки дар даҳ соли охир тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои кишварро 11 ҳазор духтарон бо маълумоти олӣ хатм намудаанд.

Зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Имрӯз моро лозим аст, ки суханони пурҳикмати Пешвои миллатро вобаста ба занону бонувон, махсусан расидан ба қадри модар, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2023 ироа карданд, сармашқи кори худ намуда, барои дар амал татбиқ сохтани дастуру супоришҳои он ҷаҳду талош варзем.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода