Чаро Фармони №622 иҷро намешавад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 295
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи вокунишҳои шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз 7-уми феврали соли 2009, таҳти №622 ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифтааст.
Тибқи Фармони мазкур шахсони масъул вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Ин фармон бевосита барои маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО пешбинӣ шудааст, аммо имрӯз иҷрои он аз ҷониби баъзе шахсони мансабдор ва ташкилоту идораҳо беэътибор мемонад.
Мавзуъро дар мисоли рӯзномаи “Хатлон” барои солҳои 2022-2023 таҳлил намудем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзномаи “Хатлон” зиёда аз 40 маводи таҳлиливу танқидиро дар мавзуъҳои вобаста ба мушкилоти бонкдорӣ, соҳаи маориф, кирмакпарварӣ, варзиш, кишоварзӣ ва ғайраҳо нашр намудааст. Вале баъди нашри мавод ба идораи рӯзномаи “Хатлон” аз мақомоти дахлдор вокуниш ворид нашудааст.
Ин аз чӣ шаҳодат медиҳад? Мансабдорони маҳаллӣ рӯзнома намехонанд? Ё ба ВАО таваҷҷуҳ надоранд? Ва ё иҷрои Фармони №622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо дахл надорад?
Мо инҷо феҳристи якчанд мавод ва номи муассисаву корхонаҳоеро, ки бояд дар асоси Фармони №622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводҳои таҳлилӣ-танқидӣ вокуниш мекарданд, ба хонанда пешниҳод мекунем:
-“Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат”, №24 аз 15.04.2022 (Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён);
-“Мушкили банкоматҳо роҳи ҳал дорад?”, №25 аз 21.04.2022, (шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар ва КВД БДА “Амонатбонк” дар вилояти Хатлон);
-“Мушкилоти таълим дар ҳалли он, кӣ масъул аст?”, №38 аз 21.06.2022, (Раёсати маорифи вилояти Хатлон);
-“Кирмакпарварӣ. Шуғле, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард”, №44 аз 18.07.2022, (ҶСК “Пиллаи тоҷик”);
-“Омодагии ибтидоии ҳарбӣ. Соати ин фан бояд бештар аз дарсаш босифат бошад”, №45 аз 22.07.2022, (Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят);
-“Ба бозиҳои олимпӣ роҳхат мегирем?”, №50 аз 25.08.2022, (Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон);
-“Адабиёти бачагонаро кӯдакон намехонанд?”, №51 аз 30.08.2022, (Раёсати маорифи вилояти Хатлон);
-“Озмун ба баъзеҳо масъулият медиҳаду ба баъзеҳо... Чаро?”, №6 аз 20.01.2023, (Раёсатҳои маориф ва фарҳанги вилояти Хатлон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишкадаи инноватсионии шаҳри Кӯлоб, бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав ва Қубодиён);
“Сокинон дар куҷо оббозӣ кунанд?” (ё чаро дар Хатлон ҳавзҳои шиноварии ройгон нест?), №40 аз 20.06.2023, (Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон);
“Хоҷам, боғ дорӣ? – Дорам!”, №43 аз 06.07.2023, (бахшҳои иттилоотии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон);
“Партовгоҳҳои Бохтар”, №44 аз 13.07.2023, (КФД “Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилӣ”-и шаҳри Бохтар);
“Уфти таърихӣ”, №66 аз 17.10.2023, (Федератсияи футболи вилояти Хатлон, КФ “Хатлон”, МИМҲД-и Бохтар);
“Як нусха”, №69 аз 30.10.2023, (Идораи почтаи ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав);
“Ҳукумат дар Яван”, №77 аз 1.12.2023, (Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон);
“Қатрае аз баҳр, №78 аз 5.12.2023, (идораи “Почтаи тоҷик” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ).
Шаҳодат ХОЛОВА , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...