Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Як соли «Хатлон»


Як соли «Хатлон»




Чун анъана, охири сол аз ҷониби тамоми ташкилоту идораҳо фаъолияти яксолаи корхона ҷамъбаст карда мешавад. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» низ доир ба фаъолият ва дастовардҳои худ дар соли 2023 ҳисоботе омода карданд, ки манзури хонандаи азиз мегардад.

НАЗАРЕ БА РАҚАМҲО

Давоми соли 2023-юм рӯзномаи “Хатлон” 84 шумораи худро бо фарогири беҳтарин матолиби ҷолибу хонданӣ ба нашр расонида, пешкаши омма гардонид. Дар соли 2023 рӯзнома бо теъдоди аз 11806 то 14000 нусха (1 062 104) рӯйи чоп омад.

Давоми сол дар рӯзномаи «Хатлон» 2460 маводи таҳлилию хабарӣ, 393 гузориши видеоӣ (QR-рамз), 17 инфографика, 20 мусоҳиба, 24 масъалагузории журналистӣ ва дигар матолиби тафреҳию фароғатӣ (нигаред ба суратбаён) ба нашр расидааст, ки ҳар кадоме инъикоскунандаи ҳаёти рӯзмарраи иҷтимоӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ҳар шумораи рӯзнома ба ҳисоби миёна 24-25 акс истифода шудааст, ки дар маҷмуъ 2100 ададро ташкил медиҳад.

Давоми соли 2023 номи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 20 то 230 маротиба номбар шудаанд.

ИМКОНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ

Ҳамчунин, идораи рӯзномаи “Хатлон” мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба футболи хурд миёни кӯдакон ва наврасони солҳои таваллудашон 2011-2012 барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 250 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд. Мусобиқаи пуршӯр барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” аз 18 то 22 март дар ду марҳила – минтақавӣ ва ниҳоӣ гузаронида шуд. Дар марҳилаи минтақавӣ 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар - 8 даста ва минтақаи Кӯлоб - 8 даста) дар 4 зергурӯҳ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар фарҷом, дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин бо Ҷом, медал, туҳфа ва Ифтихорномаи идораи рӯзномаи “Хатлон” сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи арзёбии хабарнигорони рӯзнома, давоми соли 2023 котибони матбуотӣ ё масъулони ҳамкорӣ бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, прокуратураи ҳарбӣ, суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои фарҳангу маориф, Федератсияи футболи Хатлон, КФ “Хатлон”, Сарраёсати омор, Сарраёсати молия, мақомоти андоз, Раёсатҳои ВКД, кор бо занон ва оила, мубориза бо коррупсия, хадамоти оташнишонӣ ва ғайраҳо бо идораи нашрияи “Хатлон” иртиботи хуб роҳандозӣ карда буданд.

Бояд изҳор дошт, ки рӯзномаи “Хатлон” ҷиҳати нашри маводи шаҳрвандон низ саҳми худро гузошта, ҳамкории худро бо ҷомеа зичтар мекунад. Давоми соли 2023 зиёда 300 мавод ба шуъбаи номаҳои рӯзномаи “Хатлон” ворид гардидааст, ки аз ин 293 адади он нашр шудаанд.

АЗ ТАШКИЛИ ОЗМУН ТО НАШРИ КИТОБ

Давоми сол аз ҷониби идораи рӯзномаи “Хатлон” 4 озмуни ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Абурайҳони Берунӣ – алломаи Машриқзамин”, “Тахти сангин” - рамзи таърихи пурғановати тоҷик”, “Ифтихори ватандорӣ” ва “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан” ташкилу гузаронида шуд, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори кишвар матлабҳо ворид шуданд ва онҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ буданд, ба нашр расиданд. Дар ин раванд озмунҳо аз ҷониби ҳайати тадорукот ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, соли 2023 аз ҷониби идораи рӯзномаи “Хатлон” се китоб, аз қабили “Муҳаррир” - ба ифтихори 85-солагии собиқадори матбуоти тоҷик, Корманди шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон, журналисти соҳибмактаб, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (имрӯза «Хатлон»), зиндаёд Муқим Абдураҳмонов, маҷмӯаи “Берунӣ ва Тахти Сангин - мояи ифтихори тоҷикон” - ба ифтихори 1050-солагии алломаи Машриқзамин - Абурайҳони Берунӣ ва 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои байналмилалии ЮНЕСКО шомил шудаанд ва маҷмӯаи “Ифтихори ватандорӣ”, ки дар он силсилаи мақолаҳои ходимони рӯзномаи “Хатлон”, иштирокдорони озмуни эҷодии “Ифтихори ватандорӣ”, ки ба мавзуи Ватану меҳанпарастӣ, Истиқлол, худогоҳӣ ва ғурури миллӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, гирдоварӣ ва ба чоп расонида шуд.

ДАСТОВАРДҲОИ “ХАТЛОН” ДАР ЯК СОЛ 


Рӯзномаи “Хатлон” дар ҷашни 111-солагии матбуоти тоҷик бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Хабарнигори рӯзнома Фарида Баротова бошад, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ дар соли 2022 гардид. Инчунин, як қатор кормандони нашрия бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷфроияи маҳаллии шаҳри Бохтар, Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ин сол мудири шуъбаи ҳокимияти давлатии рӯзнома Суҳроб Азиззода бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” ва хабарнигори минтақавии рӯзномаи мо Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин давра, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2023” баргузор гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ ба идораи рӯзномаи “Хатлон” Дипломи ғолиби озмуни мазкур барои китоби публитсистии “Ифтихори ватандорӣ” тақдим карда шуд.

ШУМОРАҲОИ МАХСУС

Давоми соли 2023 аз ҷониби кормандони идораи рӯзномаи “Хатлон” 19 шумораи ранга, ки рамзан ба ҷашну маросими милливу давлатӣ бахшида шудаанд, рӯйи чоп омаданд. Хусусан, бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсуси идона, ки аз 32 саҳифа иборат буд, бо фарогирии беҳтарин матолиби иҷтимоию иқтисодӣ ва ватанпарастию худшиносии миллӣ ба нашр расида, дастраси хонандаи азиз гардид.

Чуноне ки пештар иттилоъ дода будем, соли 2022 ду корманди рӯзнома – Далер Ибодуллозода ва Набиҷони Саидаброр дар даъвати тирамоҳӣ довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайваста буданд, соли 2023 сарбаландона аз хизмати ҳарбӣ баргаштанд.

ЗИЁДА АЗ 1 МИЛЛИОН АУДИТОРИЯ ...

Чуноне ки дар боло ишора намудем, давоми сол рӯзнома ба миқдори зиёда аз як миллион нусха аз чоп баромада, дастраси хонанда гардидааст. Метавон қайд намуд, ки рӯзномаи “Хатлон” сарфи назар аз рақобати ҷиддӣ дар майдони матбуоти тоҷик, фаъолияти садҳо сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, агентиҳои иттилоотӣ хонандаи худро дорад. Бо назардошти шумораи обуначиён, хонандагону аъзои гурӯҳҳои рӯзнома дар сомонаи интернетӣ (www.khatlon-ruznoma.tj), шабакаҳои иҷтимоӣ – “фейсбук”, “инстаграм”, “одноклассники”, “телеграм”, “тикток” ва “ютюб” маҳсулоти эҷодии нашрияи “Хатлон” моҳона беш аз як миллион хонанда ва бинанда дорад.

Умедворона изҳор медорем, ки ҳамкориҳои хонандагон бо рӯзнома аз ин ҳам дида, беҳтару хубтар ба роҳ монда мешавад ва дар соли 2024 беҳтарин матлабҳои хонданӣ пешкаши муштариён мегардад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода