Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Соли 2024 соли тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ хоҳад буд


Соли 2024 соли тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ хоҳад буд




Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати  фарорасии Соли нави мелодии 2024

Ҳамдиёрони арҷманд! 

Бо арзи самимияти бепоён фарорасии Соли нави 2024-умро ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон шодбошу таҳният гуфта, ба хонадони шумо саодатмандӣ, файзу баракат ва рӯзгори неку обод орзу менамоям.

Соли 2023 барои мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ мегардад.

Дар ин сол барои таъмини рушди устувор, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди вилоят, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, истифодаи пурсамари иқтидорҳои мавҷуда, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, рушди комплекси агросаноатӣ, коммуникатсия, хизматрасонии коммуналӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, вусъатбахшӣ ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, ки аз рӯйи нақшаи чорабиниҳо  ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд, дар вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону тоҷирони ватанпарвар ва шахсони саховатпеша дар ин раванд сарҷамъу аҳлона саҳм гузоштанд ва садоқати хешро ба меҳан ва арзишҳои истиқлолу озодии сарзамини аҷдодии худ собит намуданд.




Дар соли 2023 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар саҳти ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил гардид, ки аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли рафта маҳсуб мегардад.

Ҳамчунин, боиси фараҳмандиву ифтихор аст, ки 2023 бо қарори ЮНЕСКО 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ва 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид.

Муждаи дигари фарҳангӣ барои на танҳо мардуми Хатлонзамин,  балки тамоми тоҷикистониён ин буд, ки 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада», «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.

Соли 2023 вилояти Хатлон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии халқ дар қиёс бо солҳои пешин беҳтар шуд. Сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон файзбахшу нусратовар буданд ва дар доираи он даҳҳо иншооти муҳимми таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, маъмуриву маишӣ, саноативу кишоварзӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Танҳо дар соли сипаришуда дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон наздик ба 1200 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бунёд ва ба истифода супурда шуд. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоятамон ҷамъан қариб 6,5 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта шуда, тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоятамон, то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин, ободу зебо гардида, мушкилоти сокинони вилоят то ҳадди имкон бартараф карда мешавад. 

Дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 32,3 миллиард сомонӣ баробар гардид. Саноатчиёни вилоят якҷо бо бахши хусусӣ дар ҳаҷми 10,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешин қариб як миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки соли 2023 дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» зиёда аз 80 нафар намояндагони вилояти мо сазовори ҷойҳои намоён гардида, дар ин озмунҳо 7 шоҳҷоизаро ба даст оварданд.

Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти дар соли оянда таҷлил гардидани 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар ҷумҳуриамон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.

Умедвор ҳастам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, бахусус сокинони шарафманди вилояти Хатлон дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор саҳм мегузоранд, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин менамоянд. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.

Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави 2024 ба хотири амалишавии барномаҳои стратегӣ ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари вилояти Хатлон азму талоши худро баҳри ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон равона месозад. Мардуми заҳматқарину сарбаланди вилояти Хатлон бо иродаи қавӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор хоҳанд гузошт.

Бигузор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. 

Бо ҳамин нияти хайр, бори дигар мардуми иззатманду сарбаланди вилояти Хатлони бостониро бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 - соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзу
ву ормонҳои халқи тоҷик, самимона табрик гуфта, ба кулли ҳамдиёрон сиҳатмандиву нишоти умр, бахти поянда, офиятмандӣ ва кушоиши кор таманно дорам. 

Хоҳони онам, ки Соли нави 2024 соли пурфайзу бахосият, сулҳу амонӣ, эҳсону накукорӣ ва пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят гардад.

Фарорасии Соли нави мелодӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода