Дар партави Паём як гурӯҳ ҷавонон ба сайёҳат сафарбар гардиданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Туризм / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 592
Бо ташаббус ва нақшачорабинии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 29 декабри соли ҷорӣ як гурӯҳ ҷавонон, хонадагони муассисаҳои таълимӣ ва волонтиёрон ба мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Шаҳритус сафарбар карда шудаанд.
Нахуст, гурӯҳи ҷавонон аз хонамузейи шоир ва мутафаккири тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд. Дар рафти сафар гуфта шуд, ки Ҷалолиддини Балхӣ яке аз олимони барҷастаи форсу тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ҳамин аст, ки соли 2022 дар арафаи истиқбол аз Наврӯзи байналмиллалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбара ва хонамузейи ин мутафаккири тоҷик мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонони ноҳия мазкур қарор дода шуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Ҷалолиддини Балхӣ зодаи Вахшонзамини вилояти Балх буда, дар ҳамин сарзамин ба воя ва таҳсил кардааст. Ҳоло тамоми ёдгорӣ ва мероси пурғановати ӯ дар ин хонамузей барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Масъулин доираи чунин сафарҳоро дар огоҳ намудани ҷавонон ва наврасон аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихии вилояти Хатлон арзёбӣ намуда, ба ин васила таваҷҷуҳи онҳоро ба таърихи бойи миллати тоҷик равона месозанд.
- Чунин хатсайрҳои сайёҳӣ дар вилояти Хатлон бештар ба нақша гирифта шудааст. Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пайваста тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва раиси вилоят амал намуда, баҳри баланд бардоштани рушди сайёҳӣ дар Хатлон фаъолият мекунад. Зеро ин гуна сафарҳои сайёҳӣ агар аз як ҷониб ба ҷаҳонбинии ҷавонон таъсир расонад, аз ҷониби дигар садди роҳи шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мегардад. Мо нақша дорем, ки дар соли 2024 чунин хатсайрҳоро дар ду минтақаи вилоят ба роҳ монем, мегӯяд Алимамад Ниёзов мудири шӯъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Маврид ба зикр аст, ки дар вилояти Хатлон беш аз 933 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ вуҷуд дорад, ки ҳамарӯза сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан мекунад.
Сипас, масъулини хатсайр гурӯҳи ҷавонон ба ноҳияи Шаҳритус равона намуданд. Онҳо ба мадрасаи Хоҷа Машҳад рафта, аз таърих ва сохти меъмории ин мавзеъ дидан карданд.
Қайд карда шуд, ки дар ин мадраса Носири Хусрави қубодиёнӣ таҳсил кардааст. Ҳар як нақшу нигоре, ки дар сангҳои девори мадраса наққошӣ шудааст, аз Қуръони Карим гирифта шудааст. Дар сангҳои он ва девори даромадгоҳи он оятҳои Қуръон дарҷ гардидааст.
Бояд гуфт, ки ин гурӯҳи ҷавонон дар ин сафар ба худ хотираҳои ҷолиб бардошта, азм намудаанд, ки ҳамроҳ бо ҳамсабақону оилаи худ дубора ба инҷо сафар мекунад.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...