Фазилати сиёсатмадориву давлатдории Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 293
Мо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем. Вазифаҳои асосиеро, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии мамлакат муайян гардида буданд, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот дар амал татбиқ намуда, як миллион гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонидем, Созишномаи сулҳро ба имзо расонидем, фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи давлат ва волоияти қонунро барқарор намуда, роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифтем.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардум ва болоравии обуруву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, месазад, ки ин нобиғаи асрро дар кишвар шахсияти нотакрори таърихӣ номида, пайравӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаву хирмандонаи Пешворо дар таърихи халқи тоҷик бемисл унвон дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронааш Тоҷикистонро дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI аз фоҷиаи миллӣ раҳо кард. Миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Вақте ки ба ҳар гӯшаи биҳиштосои меҳан сафар мекунем, бемуҳобот пеши назари мо хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад.
Ба ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саранҷом хираду фитрати неку азалии ин мардум як бори дигар ба тоҷики некусиришт имконият даст дод, то ки дар гирди мизи ҳамдигарфаҳмӣ қарор гиранд ва манфиати миллиро аз манфиати шахсии худ болотару волотар гузоранд.
Набояд фаромӯш кард, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ умури давлатдорӣ чунон гиреҳхӯрда буд, ки идораи он аз ҷониби ҳокимони он давр имконнопазир арзёбӣ мешуд. Маҳз, азми қавӣ ва нияти неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиреҳҳои мушкилоти мавҷударо во кард. Малакаву истеъдоди фавқулодаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ, маҳорати сиёсатдорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Пешвои муаззами миллат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар равандҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир рақобатпазиру дар арсаи байналмилалӣ шинохташудаву ташаббускор табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард.
Дар натиҷа, чаманзори мамлакат, ки чанде коҳидаю берангу бӯй ва пажмурда буд, ба гулистони пурнакҳат табдил ёфт. Киштзороне, ки поймолу сангистон шуда буд, ба шарофати зуҳури ин абармард шодобу самаровар шуданд. Хиёбонҳои бе одам ба макони сайругашт табдил ёфтанд. Ҷавонон, ки ба ояндаи худ боварӣ надоштанд ва аз гулгашту гулбоғҳо рамида буданд, кунун дар шоҳроҳи зиндагӣ собитқадам гаштанд.
Оре, рӯзе буд, ки Тоҷикистон дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Бародар бо бародар, дӯст бо дӯст, ҳамватан бо ҳамватан меҷангиданд. Билохира, ба диёри мо нури хақ омад. Ин симои халқ, умеди ояндаи ятимону бепарасторон, пиру барно ва тамоми мардуми тоҷик Пешвои миллат боз сафҳаи таърихи моро рангину пурҷило намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯши худ вазифаи басо пурмасъулият – хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандиро гирифтанд ва хушбахтона, онро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобшуданашон ба миён гузошта, ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.
Миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат ба оламиён исбот намуд, ки дӯстию рафоқати байниҳамдигарӣ, меҳру садоқат, эҳтироми арзишҳои бузурги инсон дар миқёси ҷаҳон ва кишвар нақши калонро мебозад.
Ҷашнгирии Рӯзи Президент дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба хизмату заҳматҳои шабонарӯзӣ, меҳнату талоши созандаву бунёдкорона, роҳнамоиву ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мубталошудаи моро аз вартаи фалокатбор бираҳонад. Бо меҳнату заҳмати пайваста, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан Истиқлоли воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт таъмин намояд.
Миллати шарафманди тоҷик дорои таҷрибаи хеле қадими давлатдорӣ, тамаддун ва ҷомеа буда, сиёсатмадору родмардони оқилу доно, боҷасорат, ватанпарастро чун Эмомалӣ Раҳмон тарбия намудааст.
Ҳар яки мо ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои кишвару миллат махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида аст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпарасту бонангу номус мебошад.
Вазифаи пуршарафи насли имрӯзаи мардуми Тоҷикистон, хусусан мо-ҷавонон аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлоли миллии давлатамонро мустаҳкам намуда, шоҳроҳи пешрафти халқро ба сӯйи ояндаи шукуфон боз намоем. Ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими ваҳдати миллӣ, барои мо-ҷавонон, манбаи илҳом ва азму ғайрати дучанд аст абадиву поянда посдор ва нигаҳбон бошем.
Парвина ДАВЛАТОВА,
рӯзноманигор, ноҳияи Данғара
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00