Пайрави Пешвоем!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 460
Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидояш вобаста аст. Дар ин замина, бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърих фарзандонеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намуданд.
Хушбахтона, чун дигар давраҳои таърихӣ дар масъулияти ватандорию ватансозии миллат тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳдаи худ гирифтанд. Бо ҷасурию матонат, хираду дурандешӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои олии кишвар ба ҳайси раиси Шурои Олӣ бо суханронии нахустини худ дар дили сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол шуълаи умедро ба фардои дурахшон барафрӯхтанд. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миллати сарбаланди мо пас аз фосилаи тӯлонии таърихӣ масъулияти пешбурди давлату давлатдо- рии худро ба даст гирифт.
Фазои сиёсию мафкуравии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле гуногун ва инъикоскунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ буд, ки ҳар кадом ба сари қудрат омадан ме- хостанд. Манфиатҷӯйи ин гурӯҳҳои сиёсӣ боиси хисороти бузург гардида, шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро аз майдони ҷанг ба саҳни донишгоҳу донишкадаҳо расониданд, кӯдакону наврасон ва падарони мо дигар ҳеҷ дар фикри дарёфти нон нестанд. Вале, саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна мо аз ноумедию нокомиҳо ва ваҳшонияту даҳшат, фақирию гуруснагӣ ба ин рӯзҳои шоистаю нек расидем? Ҷавоб ба ин савол шояд ҳазорҳо ҷилд китоб мешавад. Вале, мехоҳам як ҷавоби кутоҳ гардонам. Худро ба миллату давлат ва мардуми Тоҷикистон бахшидан ҷасурӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷонфидоӣ, инсондӯстӣ, маҳорати баланди роҳбарӣ, зиракии сиёсӣ, дурандешӣ, бахшояндагӣ, хирадмандӣ ва каҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ин рӯзҳо расонид.
Дар тӯли 32-соли Истиқлоли давлати мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Маҳз бо шарофати фарзанди барӯманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ ба вуҷуд омада, устувор гардид. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб буда, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои он кори аз он ҳам душвортар аст. Имрӯз, ки ин неъмат насиби мо аст.
Ҷавононро зарур аст, ки онро бо тамоми ҳастӣ дифоъ намоем. Чунки Хукумати мамлакат, Роҳбари давлат имрӯз ба мо-ҷавонон эътимоди бузург доранд ва барои мо тамоми шароиту имконияти заруриро фароҳам овардаанд. Ифтихор аз он кунем, ки дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат каме ҳам бошад саҳми худро гузошта истодаем. Яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Мо-ҷавонони саодатманди Хатлонзамин бори дигар ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки сазо- вори боварии боэътимоди Пешвои миллат ҳастем. Мо-ҷавонон боварӣ дорем, ки худро ба сифати машъалбардори сафи пеш муаррифӣ намуда, дар паҳлуи Пешвои мушфиқу меҳрубонамон ҳамчун пайравони асил бо шиори “Тоҷикистон ба пеш!” ҳамеша муттаҳидона баҳри рушду нумӯи сарзамин ҷони худро нисор хоҳем дошт.
Пешвои миллат ҷавононро дар ҷомеаи мо қувваи бузург ҳисобида, чунин қайд менамоянд: “Ҷавонони мо қувваи худро фақат ба ободии Ватан ва баланд бардоштани обруи миллат сарф мекунанд. Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст”.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифу сарбаланд, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот баромада, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонида ва барои зиндагии шоиста саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Фароғат ЗУВАЙ ДУЛЛОЗОДА,
муовини директори Маркази ҷавонони шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00