ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 220
Ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои миллию расмӣ аз тарафи намояндагони ҳукумати марказӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат кумакҳо иборат аз маводи хӯрокаю либоса ва дигар анвои рӯзғор туҳфаҳо расонида мешавад.
Бо ҳамин мақсад туҳфаҳои солинавӣ аз номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва мактаб – интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб расонида шуд.
Дар чорабинии мазкур Ҳалимзод Абдураҳмон - муовини Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Айниддин – сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ВАО дар супоридани туҳфаҳо иштирок доштанд.
Зимни супоридани туҳфаҳо Ҳалимзод Абдураҳмон аз дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумат ёдоварӣ намуда, бо ҳамроҳонаш аз номи Пешвои миллат ба ҳар як тарбиягиранда туҳфаҳоро тақдим намуданд. Аз ин кори хайр, тарбиятгирандагон хурсанду болидарӯҳ гардиданд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...