ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 280
Имрӯз, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор намуда, бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот анҷом дод.
Дар ибтидо раиси вилоят бо ишора ба таъкиди Роҳбари давлат, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, қайд кард, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал бояд ба халқи азизи Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд ва ҳамеша, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ қарор дошта бошанд.
Сокинон доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ, гирифтани гранти раиси вилояти Хатлон, расонидани кӯмак барои табобати фарзанд, расондани кӯмаки молиявӣ, кӯмаки молиявӣ ва ғизоӣ ба оилаҳое, ки фарзандони маълул доранд, нарасидани оби полезӣ, насби симчӯбҳо барои интиқоли барқ дархосту пешниҳодоти худро ироа намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳия дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ ёдовар шуданд.
Дар вохӯрӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худовезӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин самт кор ҷоннок карда шавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...