БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №8
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 230
Субҳи имрӯз, 23 декабр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои созандагиву ободонӣ ва қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Дӯстӣ сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Дӯстӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 огоҳ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликул воқеъ буда, бо маблағгузории Ҷумҳурии Туркманистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъмориву шаҳрсозӣ тарҳрезӣ карда шудааст.
Массисаи мазкур аз 20 синфхона барои 540 хонанда дар як баст, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толори хониши хонандагон, ошхона барои 220 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани маҳфилҳои хонандагон иборат мебошад.
Фармоишгари сохтмон сафоратхонаи давлати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии асосии сохтмон Ҷамъияти хоҷагидории «Довлет Гурлушык»-и давлати Туркманистон мебошад.
Корҳои сохтмонӣ аз 21 июни соли 2023 оғоз шуда, тибқи нақша бояд 9 сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад.
Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ босифат анҷом дода, дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шаванд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...