Ифтитоҳи Корхонаи нассоҷӣ дар ноҳияи Вахш
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 263
15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насими Вахш”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин корхона, ки фаъолияташ ба самти нассоҷӣ ва дузандагӣ нигаронида шудааст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бароталӣ Юсуфзода барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар корхонаи “Насими Вахш” асосан ҷӯроб, либоси ягонаи мактабӣ ва дигар намуди либосҳои фармоишӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар коргоҳи нассоҷии корхона 250 дастгоҳи ҷӯроббофӣ, 15 дастгоҳи худкор ва 7 дастгоҳи тамғагузории истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи “Насими Вахш” 180 нафар занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар бо васеъ намудани доираи фаъолият ин нишондиҳанда афзоиш дода мешавад. Корхонаи мазкур иқтидор дорад дар як сол 15 миллион ҷуфт ҷӯроби хушсифат истеҳсол намояд.
Ашёи хом, аз ҷумла ришта барои омода намудани ҷӯроб аз дохили кишвар ва қисман аз хориҷи мамлакат дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ аз он маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода карда мешавад. Ҷӯробҳои дар корхона истеҳсолшаванда дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот мегарданд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии бунёди корхона дар ноҳияи Вахш ин коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр мебошад. Маҳсулоти тайёре, ки дар корхона тавлид меёбад 80% фоизи он аз пахта омода мешавад ва таваҷҷуҳи харидорони ватаниву хориҷӣ ба он зиёд мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар коргоҳ духти либоси мактабӣ низ ба роҳ монда шуда, навтарин технология аз кишварҳои тараққикардаи дунё ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб карда шудаанд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ 56 нафар духтарони маҳаллӣ, ки аксаран хонашин мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Корхона иқтидор дорад хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Вахшро пурра бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намояд.
Бо дарназардошти афзоиши талабот ба ҷӯроби хушсифати ватанӣ масъулини корхона маҳсулотро бо сифати баланд истеҳсол намуда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Ин иқдом дар доираи “Солҳои рушди санот”, солҳои 2022-2026 ва дастгирии давлатии бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад.
Ҷӯробҳои истеҳсолкардаи корхона асосан маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мегарданд.
Дар маҷмуъ бо сохта ба истифода додани корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Насими Вахш” тибқи нақшаи тиҷоратӣ дар сурати ба пуррагӣ фаъол гардинидани корхона 400 нафар сокинони маҳаллӣ, хусусан занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
http://president.tj/node/32114
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...