Ифтитоҳи бинои маъмурии КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 378
4 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, атрофи он бо гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз кабудизор гардидааст.
Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар қабатҳои якум, дуюм ва сеюми он қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корию маъмурӣ, китобхона бо махзани бойи адабиёти бадеиву соҳавӣ, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шудаанд.
Ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти бино бо воситаҳои техникии соҳавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардида, барои пешбурди фаъолияти бонизом ва самарабахши кормандон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар қабати болоии бино 6 ҳуҷраи хоб барои меҳмонон ва кормандони соҳа бунёд ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароитҳои фароҳамгардида ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба ҳайати шахсӣ ҷиҳати босифату мақсаднок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, омӯзиши бештари таҷрибаи пешрафта дар самти ҳифзи техникии иттилоот, истифодаи усулҳои пуртаъсири таъмини ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар тамоми бахшҳо дастуру супоришҳои муфид доданд.
Қобили зикр аст, ки то ин дам кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Хатлон дар бинои иҷора фаъолият менамуданд. Ифтитоҳи бинои нав ва таъминот бо техникаю лавозимоти зарурӣ аз дастгириҳои навбатии Ҳукумати мамлакат дониста шуда, он дар сифатноку босамар амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур таъсиргузор хоҳад буд.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин аз ҷониби масъулини соҳа воситаҳои махсуси техникӣ ва озмоишӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи техникии иттилоот харидорӣ гардидаанд, муаррифӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки амалигардонии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, барои таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидати фаъол хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ зикр доштанд, ки дар шароити рушди илм ва технологияи мусоир, инчунин рақамикунонии иқтисодиёти кишвар масъалаҳои ҳифзи техникии иттилоот ва пешгирии ихроҷи иттилооти дастрасиаш маҳдуд муҳим буда, аз масъулини соҳа таваҷҷуҳи бештар ва сатҳи баланди касбиятро тақозо менамояд.
Дар навбати худ кормандону масъулини соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам сохтани инфрасохтори кору фаъолият дар ин самт изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон фаъолияти худро минбаъд низ хуб ба роҳ монда, барои иҷрои вазифаҳо, таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва техникии иттилоот саъйи бештар хоҳанд кард.
http://president.tj/node/32091
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...