Шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" дар ноҳияи Кӯшониён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 286
14 декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" шинос шуданд. Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд мешавад.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.
Бо бунёди корхона 30 номгӯйи мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад, ки беш аз 30 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии онро низ худи корхона истеҳсол менамояд.
Мототсиклҳои истеҳсоли корхона барои хоҷагидорон, сохтмончиён ва дигар табақаи аҳолӣ пешбинӣ мешавад.
Аз рӯйи нақша корхонаи мазкур соли 2024 мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Сарвари давлат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти коргоҳи мевахушккунии Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” тариқи навор шинос гардиданд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкури 120 тонна маҳсулот дар як солро ташкил намуда, дар он 30 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.
Таҷҳизоти коргоҳ аз хориҷи кишвар ворид гардида, бо истифодаи он 20 намуди меваҷот хушконида мешавад.
Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр босифат истеҳсол гардида, барои содирот мутобиқ бошад.
Маҳсулоти хом, аз ҷумла зардолу, олу, олуи сиёҳ, себ, нок, олуча, ангур, хурмо ва дигар меваҷот тариқи шартнома аз аҳолӣ харидорӣ мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки таъсиси чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
http://president.tj/node/32094
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...