КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №8
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 246
Имрӯз, 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии МТМУ №8 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва масъулин иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди муассисаи таълимии №8-и ноҳияи Кӯшониён сохтмони бинои иловагии муассисаи мазкур аз 12 синфхона барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҳисоби буҷети маҳалӣ ва кумитаи падару модарон бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ба муассисаи мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 144 адад миз, 288 адад курсӣ, 12 адад ҷевон, 12 адад мизу курсӣ барои омӯзгорон 12 адад тахтаи синфӣ дастрас карда шудааст.
Ҳамзамон баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати дониш, бартараф намудани мушкилоти ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Хиштзавод сохтмони бинои нав барои зиёда аз 2000 нафар хонандагон дар ду баст ва як муассисаи томактабӣ барои зиёда аз 350 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст.
Танҳо дар соли 2023 дар назди муассисаҳои таълимии №№7, 2, 12, 38, 40, 60, 61 ва 70 синфхона ва бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин дар назди муассисаи таълимии №70 сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона сохта мешавад.
Айни замон аз тарафи «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон ва густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои томактабии №4 ва 7 пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, таъмири муассисаи томактабии №5 идома дошта, таъмири капиталии муассисаҳои томактабии №1, 2, 3, 6 ва 23 оғоз мегардад.
Баъд аз шиносоӣ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни бино омӯзгорону хонандагон суҳбат карданд. Эшон аз ғамхориҳои беназири Пешвои миллат дар самти маориф изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар рушди ҷомеа саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...