Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » М. Мирдодоев: “Илми омӯхта ҳеҷ гоҳ ба ҳадар намеравад”


М. Мирдодоев: “Илми омӯхта ҳеҷ гоҳ ба ҳадар намеравад”



Дар даври ниҳоии озмуни «“Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат» Мирмуҳсин Мирдодоев, хонандаи синфи 10-и Литсейи  давлатии №1-и шаҳри Бохтар, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.


- Шуморо чӣ ба озмуни «“Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат» овард?

- “Тоҷикон” китоби муқаррарӣ нест, он таърихи сеҳазорсолаи халқи тоҷикро, ки дар ҳар давру замон барои зиндагии шоиста, соҳиб шудани ҳаққу ҳуқуқ ва ҳифзи осори маданӣ мубориза бурдаанд, инъикос мекунад. Завқи донистани таърих ва гузаштаи аҷдодони худ маро водор кард, ки ба хондани китоби “Тоҷикон” пардозам. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва ба корномаҳои фарзандони мардуми боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш ҷой диҳад”. Аз ин рӯ, ман низ пайрави суханони Пешвои миллат шуда, китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро мутолиа кардам. Дар озмуни ҷумҳуриявии «“Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат» ширкат варзида, дар байни хонандагони синфҳои 5-11 ғолибият ба даст овардам.

- Маблағи Шоҳҷоизаро дар чӣ корҳо сарф мекунед?

- Ростӣ, то имрӯз мушаххасан намедонам, ки маблағро барои чӣ кор сарф кунам. Барои омӯзиши бештар барои худ шароити мусоид фароҳам меорам.

- Кӣ бештар барои муваффақ шуданатон кӯмак кард?

Пеш аз ҳама, дастгирии падару модарам буд. Онҳо бароям шароити мусоидро фароҳам оварданд, то тавонам муваффақ гардам. Дар ин раванд, омӯзгорам Зиннатгул Шобалхиева барои хубтару беҳтар омӯхтани илми таърих, ҳамчунин барои тайёрӣ дидан ба озмуни ҷумҳуриявии «“Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат» кумак намуд.

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

Нақша дорам, ки пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, таҳсилро дар ин самт идома диҳам.

- Ба назари Шумо, ба ҷуз аз баргузории озмунҳо, боз бо кадом роҳу усул метавон китобхониро дар байни наврасону ҷавонон таблиғ кард?

Пеш аз ҳама, зиёд намудани шумораи китбхонаҳои электронӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим яке аз василаҳои дастрас барои хондани китоб мебошад. Инчунин, телевизион, радио, рӯзнома ва дар умум васоити ахбори омма дар тарғиби китоб нақши калон мебозанд.

- Дар охир чӣ гуфтаниҳо доред?


- Миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо - толибилмон чунин шароити мусоид ва имкониятҳои назаррасро фароҳам овардаанд. Инчунин, аз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, хусусан раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон хеле миннадорам, ки дар ин роҳ кумаку дастгириҳои хешро дареғ надоштанд.

Ҳамчунин, аз ҷавонон даъват ба амал меорам, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши худ ба китобхонию илмомӯзӣ бештар рӯ оранд. Зеро ояндаи давлату миллат дар дасти мо - ҷавонон аст. Китоби хондаи мо ва илми омӯхтаи мо ҳеҷ гоҳ ба ҳадар намеравад.

Ҷасури ҚИЁМИИДДИН,
Шаҳодат ХОЛОВА,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода