Устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 231
Бобоҷон Ғафуров аз толеъбаландонест, ки аз айёми тифлӣ ахтари саъд ба сараш нурафшон будааст. Вай чун ба дунё омад, дар оғӯши пурмеҳри модари бомаърифату хирадманд ва шоираву суханшиносаш Розия Озод ба воя расид. Он шамъи донишу хирад, ки бо мадади модар дар дили кӯчакаш нурафшон гашта буд, ҳаргиз хомӯш нагашт ва тамоми умр фурӯзон боқӣ монд.
Суннатгароӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон Бобоҷон Ғафуровро маҳбуби мардум гардонд ва ӯро мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтироми устод Айнӣ қарор дод. Айнӣ эътимоди комил дошт, ки Бобоҷон Ғафуров бо дониши баланд, бо созмондиҳии хирадмандон ва бо истифода аз мақоми баланди хеш дар шинохти таърихии тоҷикон корҳои бузургеро анҷом дода метавонад. Ва ҳидоятҳои падаронааш ӯро дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик беш аз пеш рӯҳбаланду шавқманд менамуд ва зина ба зина қуллаҳои нави илмро фатҳ мекард. Дар 32-солагӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд, дар 42-солагӣ академики Академияи улуми Тоҷикистон интихоб шуд, дар 43-солагӣ сазовори унвони доктори илми таърих гардид. 38 сол дошт, ки асари калонҳаҷмаш “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” ба табъ расид ва он сароғози омӯзиши амиқи таърихи тоҷикон гардид. Муаллиф чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ аввалин нусхаи онро бо нахустин соядаст ба устод Айнӣ тақдим намуд, ки дар он чунин омада: “Ба хубтарин донишманди адабиёт ва таърихи тоҷикон-муаллим ва адиб Садриддин Айнӣ. Ин китоб дар соҳаи таърихи тоҷикон якумин ташаббус аст. Аввалин касе, ки ба навиштани таърихи адабиёт ва таърихи тоҷик сар кардааст. Шумо ҳастед. Аз ин сабаб, бо эҳтироми зиёд ин китобро тақдим мекунам. Бо салом, Ғафуров”.
Устод Айнӣ аз нашри асари Бобоҷон Ғафуров хеле шод гашт ва соли 1948 ба он тақризи муфассал навишт. Он аввал дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” чоп ва баъдҳо дар ҳаҷми 30 саҳифа дар ҷилди даҳуми “Куллиёт”-и устод ҷой дода шуд. Эродҳои зиёди устод Айниро муаллиф бо мамнуният пазируфт ва дар нашрҳои минбаъда онҳо ислоҳ гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров устод Айнӣ ба кори бузурге иқдом намуд ва бо маҳорати олии суханварӣ ва таърихнигорӣ қаҳрамониҳои фарзандони тоҷикро аз қаъри таърих берун овард ва ҳамрадифи қаҳрамонони ҷанги зидди фашизм гардонд.
Ҳамин тариқ, соли 1944 ду шоҳасари устод: “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ба дасти хонандагон расид. Инчунин, бо маслиҳати устод Айнӣ ва бо роҳнамоии Бобоҷон Ғафуров мусиқии классикии “шашмақом” бо 252 оҳангу таронааш ба адвор (нота) гирифта шуд, ки он як корномаи фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Бобоҷон Ғафуров тамоми имконияти дастрасро ба кор бурд, то устод Айнӣ дар баробари мақоми баланди адабӣ ба мартабаи баланди ҷамъиятӣ низ сазовор гардад. Ва, ҳамин буд, ки устод Айнӣ соли 1949 вакили халқ дар парлумони Иттиҳоди Шуравӣ интихоб мешавад ва худи ҳамон сол шурои илмии донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ӯро бо унвони ифтихории доктори улуми филологӣ сарфароз мегардонад.
Соли 1947 Бобоҷон Ғафуров ҳангоми мулоқот бо Сталин барои бо ордени Ленин мукофотонидани устод Айнӣ, ки пас аз соле 70-сола мешуд, иҷозат мепурсад. Сталин бо қаноатмандӣ розӣ мешавад.
Чун соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, бо пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров устод Айнӣ нахустин президенти он интихоб гардид. Ин иқдоми хирадмандона ва дурандешона ҳадафи дигаре ҳам дошт. Бобоҷон Ғафуров мехост, ки устодро дар Душанбе муқимӣ гардонад ва ӯ чун падари маънавии миллат дар ҳамин ҷо маъвои охираташро дарёбад. Бобоҷон Ғафуров “Ёддоштҳо”-ро на танҳо асари адабӣ, балки ёдгории бузурги таърихӣ меҳисобид ва устод Айниро дар радифи Байҳақиву Наршахӣ, Мирхонду Носири Хусрав мегузошт.
Мегӯянд, ки Бобоҷон Ғафуров боре дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳузури устод Мирзо Турсунзода чунин арзи муддао кардааст: “Бо амри сарнавишт солҳои зиёдест, ки ман аз Тоҷикистон дур афтодаам. Оё маро дар охири умр дар як гӯшаи домони худ ҷой медода бошад?”.
Тобистони соли 1977 бемории сахте пайкари устодро фаро гирифт ва ӯ бо хирадмандии азалӣ оқибати онро равшан дарк мекард. Вай табобатгоҳҳои дараҷаи аввалро сарфи назар намуда, ба Ватан омад ва дар бемористони Душанбе бистарӣ гашт. Мехост хумори чандсолаи дурӣ аз Ватан шикаста шавад ва дидори ёрону дӯстонро ба серӣ бубинад.
Ҳатто дар рӯзҳои сахти беморӣ аз нав ба ёди устод Айнӣ афтод. Камол Айнӣ нақл мекард, ки бо хоҳиши ӯ тасвири мақбараи устод Айниро дар рӯ ба рӯяш ҷой дода буданд. Азбаски табибон омадурафти аёдаткунандагонашро ниҳоят маҳдуд карда буданд, Бобоҷон Ғафуров дар танҳоӣ соатҳои дароз ба симои устод Айнӣ нигариста, ба андешаи амиқ фурӯ мерафт ва гӯё хаёлан бо ӯ суҳбат менамуд.
Бобоҷон Ғафуров 12 июли 1977 дар бемористон чашм аз олам пӯшид ва рӯзи 14 июл дар боғи устод Айнӣ, дар паҳлуи муаллим ва дӯсти беназираш ба хоби абад рафт.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00